Чӣ гуна стартапи Solomon платформаи ҳуши маснӯиро барои бонкҳо ва созмонҳои молиявӣ таҳия мекунад
То роҳандозии Solomon Султоншо Назаршоев ба таҳияи нармафзор (таъминоти барномавӣ) машғул буд. Имрӯз ӯ платформаи ҳуши маснӯӣ (зеҳни сунъӣ)-ро барои худкор гардонидани мутобиқат (комплаенс), мониторинги қаллобӣ (фрод-мониторинг) ва таҳқиқи амалиёти молиявӣ рушд медиҳад. Ин воситаи ҳал барои муштариёни корпоративӣ пешбинӣ шуда, имкони ҷойгиркунии онро дар зерсохтори худи фармоишгар фароҳам меорад.
Султоншо махсус барои лоиҳаи «100 достони стартапҳои АвруОсиёи Марказӣ»-и Astana Hub ва Digital Business ҳикоят кард, ки чӣ гуна консепсияи тиҷорат тағйир ёфт, чаро таҳиягарон имкони ҷойгиркунии платформаро дар дохили муҳити пӯшидаи фармоишгар пешбинӣ карданд ва иштирок дар барномаи акселератсионии Central Eurasia Market Entry 2026 ба лоиҳа чӣ медиҳад.
“Таваҷҷуҳ ба роҳҳои ҳалле, ки ба созмонҳои молиявӣ фоида меоранд”, муҳим аст
— Султоншо, то роҳандозии Solomon ба чӣ кор машғул будед?
– То Solomon ба таҳияи нармафзор ва эҷоди маҳсулоти рақамӣ машғул будам. Дар лоиҳаҳои гуногуни IT кор кардам, ки имкон дод дар марҳилаҳои мухталиф — аз идея то татбиқи он таҷриба пайдо кунам.
Ин таҷриба ба ман омӯхт, ки фарзияҳоро зуд санҷам, пайваста бо корбарони оянда суҳбат кунам ва бидуни зарурати мустақим меъмории низомро мураккаб насозам. Хулосаи асосӣ ин аст, ки ҳамеша бояд аз мушкилоти мушаххаси муштарӣ оғоз кард. Ҳар гуна таҳия бояд вазифаи равшанро ҳал кунад ва фоидаи амалӣ расонад. Мо Solomon-ро маҳз бар ҳамин асос бунёд мекунем.

— Идеяи лоиҳа чӣ гуна пайдо шуд? Барои муайян кардани мушкилоте, ки шумо ҳал мекунед, бо кӣ суҳбат кардан муясаар шуд?
— Бозорро ҳамаҷониба омӯхта, дидем, ки мутахассисони созмонҳои молиявӣ ҳамарӯза бо чӣ гуна мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Таҳлилгарон маҷбуранд маҷмӯи маълумоти парокандаро коркард кунанд, огоҳиҳо (сигналҳо)-и сершумори аз ҳам ҷудобударо муқоиса намоянд ва маводро барои санҷишҳо ва ҳисоботдиҳӣ ба мақомоти танзимгар дастӣ омода созанд. Ҳамин тавр, идеяи муттаҳид кардани тамоми ин корҳои такроршаванда дар як муҳити қулай ва муҷаҳҳаз кардани он бо абзорҳои муосири ҳуши маснӯӣ пайдо шуд.
Мо бо намояндагони бахши бонкӣ ва мутахассисони мутобиқсоз як қатор мусоҳибаҳои амиқи рушддиҳанда (кастдевӣ) анҷом додем. Чунин равиш ба мо кумак кард, ки самти фаъолиятро мушаххастар кунем: ба ҷойи кӯшиши сохтани як низоми бузурги универсалӣ барои тамоми равандҳо, таваҷҷуҳро ба роҳҳои ҳалли махсус барои таҳлил, мониторинги қаллобӣ ва таҳқиқот равона кардем.
— Мутахассисони комплаенс дар бонкҳо ба чӣ кор машғуланд? Онҳо ҳамарӯза кадом вазифаҳоро иҷро мекунанд ва Solomon дар ин самт чӣ гуна кумак карда метавонад?
— Мутахассисони комплаенс назорат мекунанд, ки бонк талаботи қонунгузорӣ, мақомоти танзимгар ва қоидаҳои дохилиро риоя кунад. Масалан, муштариён ва ширкатҳоро месанҷанд, амалиёти молиявиро таҳлил мекунанд, фаъолияти шубҳанок ва робитаҳои эҳтимолӣ бо нақшаҳои қаллобиро ошкор месозанд.
Тасаввур мекунем, ки низоми бонк як амалиёти ғайриодии интиқоли маблағро ошкор кардааст. Мутахассис бояд муайян кунад, ки пулро кӣ фиристодааст, он барои кӣ пешбинӣ шудааст, оё иштирокчиёни амалиёт бо ҳам робита доранд ва оё барои санҷиши иловагӣ асос вуҷуд дорад. Барои ин лозим меояд, ки ба пойгоҳҳои гуногуни маълумот муроҷиат кунад, таърихи амалиётро омӯзад, рӯйхатҳои таҳримиро санҷад ва маълумотро аз чанд манбаъ муқоиса намояд.
Solomon барои худкор гардонидани як қисми ин корҳо таҳия мешавад. Платформа абзорҳои санҷиши муштариён, мониторинги амалиёти молиявӣ ва таҳлили робитаҳоро муттаҳид мекунад. Ҳуши маснӯӣ барои ҷамъоварӣ ва сохторбандии маълумот, дарёфти иттилооти эҳтимолан муҳим ва омода кардани мавод барои таҳқиқоти минбаъда кумак мекунад. Дар баробари ин, низом мустақилона муайян намекунад, ки қонуншиканӣ рух додааст ё не: хулосаҳо ва қарорҳои ниҳоиро мутахассисони бонк қабул мекунанд.

— Ҳоло корҳо дар самти рушди Solomon ба чӣ равона шудаанд?
— Мо салоҳиятҳоро дар соҳаҳои таҳияи нармафзор, идоракунии маҳсулот ва технологияҳои молиявӣ муттаҳид мекунем. Бо рушди лоиҳа мутахассисони соҳавиро ҷалб менамоем, то талаботи марбут ба амният, ҳамгироӣ ва фаъолияти амалии таҳлилгарони бонкиро ба таври қатъӣ ба назар гирем.
Дар марҳилаи кунунӣ барои мо сифати худи маҳсулот, омӯзиши амиқи фикру мулоҳизаҳои корбарон ва имкони тасдиқи арзиши роҳҳҳои ҳал дар мисоли ҳолатҳои мушаххаси корӣ афзалият доранд. Ба талаботи созмонҳои молиявӣ дар самти амнияти маълумот ва ҳамгироӣ бо низомҳои мавҷуда таваҷҷуҳи махсус медиҳем. Аз ҷумла, барои бонкҳо масъалаи он ки маълумоти муштариён дар куҷо нигоҳдорӣ ва коркард мешавад ва кӣ ба он дастрасӣ дорад, аҳамияти усулӣ дорад. Аз ин рӯ, мо имкони ҷойгиркунии Solomon-ро бевосита дар зерсохтори фармоишгар пешбинӣ кардем.
«Ҳуши маснӯӣ корҳои таҳлилиро анҷом медиҳад, аммо қарори ниҳоиро ҳамеша инсон қабул мекунад»
— Ҷойгиркунии маҳаллии роҳҳои ҳал барои муассисаҳои молиявӣ чӣ нақш дорад?
— Solomon ба сенарияҳои on-premises нигаронида шудааст, ки дар онҳо нармафзор дар зерсохтори маҳаллии худи фармоишгар ҷойгир карда мешавад. Барои бахши молиявӣ ин махсусан муҳим аст, зеро чунин равиш имкон медиҳад, ки сиёсатҳои дохилии ҳифзи маълумот ва талаботи дахлдори мақомоти танзимгар ба назар гирифта шаванд. Дар баробари ин, мутобиқат ба талаботи мушаххас аз шакли (конфигуратсияи) роҳи ҳал, хусусиятҳои зерсохтори фармоишгар ва шартҳои татбиқи он вобаста аст.
Шакли мушаххас, сенарияҳои кор ва тартиби коркарди маълумот ҳамеша дар ҳамкорӣ бо муштарӣ муайян карда мешаванд. Мо аслан кӯшиш мекунем, ки интиқоли маълумоти ҳассосро берун аз ҳудуди муҳити ҳифзшудаи мувофиқагардида истисно кунем ё то ҳадди имкон ба ҳадди ақалл расонем.

— Маҳсулот аз кадом таркибҳои асосӣ иборат аст ва он ба таҳлилгарон дар корашон чӣ гуна кумак мекунад?
— Асоси Solomon-ро ҷузъҳои таҳлилӣ, кор бо манбаъҳои маълумот ва модулҳои ҳуши маснӯӣ барои дастгирии таҳқиқот ташкил медиҳанд. Дар як равзана вазифаҳои санҷиши шахсони воқеӣ (KYC), шахсони ҳуқуқӣ ва тиҷорат (KYB), мониторинги амалиёти молиявӣ (KYT) ва назорати худкори зидди қаллобӣ муттаҳид шудаанд.
Маҳсулот ба китобхонаҳои санадҳои меъёрӣ, пойгоҳҳои маълумот дар бораи шахсони мансабдори давлатӣ ва феҳристҳои байналмилалии таҳримҳо муроҷиат мекунад. Дар раванди анъанавии таҳқиқи ҳолатҳои мураккаб таҳлилгарон маҷбуранд маълумотро аз манбаъҳои гуногун дастӣ омӯзанд, далелҳоро муқоиса кунанд, робитаҳои байни иштирокчиёни амалиётро муайян намоянд ва ҳисобот омода созанд. Solomon барои худкор гардонидани як қисми ин вазифаҳо ва кӯтоҳ кардани вақти таҳлили пешакӣ пешбинӣ шудааст. Дар баробари ин, суръати коркарди маълумот аз мураккабии ҳолати мушаххас, ҳаҷми маълумоти дастрас ва хусусиятҳои татбиқи маҳсулот вобаста аст. Ҳуши маснӯӣ ба мутахассисон дар анҷоми корҳои таҳлилӣ кумак мекунад, аммо қарори ниҳоиро инсон қабул мекунад.
— Оё консепсияи Solomon дар ҷараёни таҳия тағйир ёфт?
— Бале, дар ҷараёни кор мо мавқеъгирии маҳсулотро мушаххастар кардем. Дар аввал самтҳои васеътари худкорсозии зерсохтори бонкӣ баррасӣ мешуданд, аммо тадриҷан мо таваҷҷуҳи худро пурра ба таҳлил барои комплаенс ва таҳқиқот равона кардем. Махсусгардонии дақиқ имкон медиҳад, ки ниёзҳои воқеии корбаронро амиқтар дарк кунем.

Мо кӯшиш намекунем, ки низомҳои асосии мавҷудаи бонкро иваз кунем. Вазифаи мо — онҳоро бо абзорҳои зеҳнӣ ба таври ҳамоҳанг мукаммал гардононидан аст, ки ба мутахассисон барои зудтар пайдо кардани маълумоти зарурӣ ва самаранок кор кардан бо ҳолатҳои мураккабу ғайримуқаррарӣ кумак мекунанд.
«Дар бахши B2B сифати робитаҳо ҳамеша аз шумораи онҳо муҳимтар аст»
— Маҳсулот ба кадом гурӯҳҳои ширкатҳо нигаронида шудааст ва шумо имкониятҳои бештарро дар куҷо мебинед?
— Пеш аз ҳама, муштариёни ҳадафии мо бонкҳо, созмонҳои маблағгузории хурд ва ташкилотҳои пардохтӣ, инчунин дигар ширкатҳое мебошанд, ки нисбат ба санҷиши амалиёти молиявӣ ва идоракунии хавфҳо талаботи баланд доранд.
Агар дар бораи бозори Қазоқистон сухан гӯем, мо дар бахши созмонҳои маблағгузории хурд имкониятҳои бузург мебинем. Дар кишвар беш аз 200 ташкилоти маблағгузории хурд ба қайд гирифта шудааст. Онҳо тавассути хидматрасониҳои рақамӣ қарзҳои хурди онлайнро фаъолона пешниҳод мекунанд ва ҳамзамон вазифадоранд, ки меъёрҳои танзимкунандаро оид ба санҷиши муштариён қатъиян риоя намоянд.
Самти дигари ояндадор — ҳамгироии финтех ва операторони телекоммуникатсионӣ мебошад, ки дар он маҳсулоти молиявӣ ҳанӯз дар марҳилаи пайдоиш қарор доранд ва зерсохтори омодаи комплаенс (мутобиқат) ҳоло ташаккул меёбад.

— Шумо корро бо муштариёни эҳтимолӣ чӣ гуна ба роҳ мемонед?
— Барои мо суҳбати мушаххас бо гурӯҳҳое, ки барои риояи талаботи меъёрӣ (комплаенс), идоракунии хавфҳо ва тағйирёбии технологияҳои иттилоотӣ масъуланд, муҳим аст. Мо якҷо бо муштарии эҳтимолӣ мушкилоти мушаххасро муайян карда, шакли татбиқи лоиҳаи озмоиширо баррасӣ менамоем ва меъёрҳои арзёбии самаранокии онро пешакӣ мувофиқа мекунем.
Асоси модели тиҷоратии моро додани иҷозатнома барои истифодаи таъминоти барномавӣ, инчунин хизматрасониҳои махсус оид ба ҷорӣ намудан, танзими амиқ ва дастгирии техникӣ ташкил медиҳанд. Мо шартҳоро бо назардошти ҳаҷми ҳамгироиҳо, вазифаҳои интихобшуда ва талаботи амниятӣ барои ҳар як муштарӣ ба таври инфиродӣ муайян мекунем.
— Муштариёнро чӣ гуна ҷалб мекунед ва рақибони шумо киҳоянд?
— Дар бахши B2B сифати робитаҳо ҳамеша аз шумораи онҳо бартарӣ дорад. Мо дар баробари робитаҳои мустақим бо раёсатҳои соҳавӣ, ҳамкориро бо ҳамгирокунандагони системавӣ, истеҳсолкунандагони таҷҳизот ва мушовироне, ки инфрасохтори бахши молиявиро ҳамаҷониба медонанд, фаъолона густариш медиҳем.
Дар сатҳи бозорҳои байнулмилалӣ ва минтақавӣ ширкатҳои пурқувват ва соҳибэҳтиром фаъолият мекунанд. Вазифаи мо пешниҳоди меъмории муносиби ҷорӣ намудани маҳаллии система, абзорҳои суръатбахшии баррасии парвандаҳо ва равандҳои кории возеҳу фаҳмо ба муштариён мебошад, ки ба вазифаҳои мушаххаси онҳо мутобиқ гардонида шудаанд.

«Иштирок дар барнома имкон медиҳад, ки талаботи ниҳодҳои молиявии маҳаллӣ амиқтар омӯхта шаванд»
— Айни замон шумо дар барномаи акселератсионии Central Eurasia Market Entry 2026 аз Astana Hub иштирок доред. Иштирок дар ин барнома ба шумо чӣ медиҳад?
— Қазоқистон барои мо бозори стратегӣ ва хеле босуръат рушдёбанда мебошад. Иштирок дар барнома имкон медиҳад, ки талаботи ниҳодҳои молиявии маҳаллиро амиқтар омӯзем, арзёбии тахассусии коршиносонро дарёфт кунем ва робитаҳои дарозмуддати шарикиро ба роҳ монем.
Ҳадафи асосии мо эҷоди маҳсулоти устувори B2B ва тасдиқи арзиши воқеии он дар амал мебошад. Ҳамаи қарорҳо вобаста ба суръати рушд ва ҷалби захираҳо бояд танҳо ба ниёзҳои муштариён ва талаботи тасдиқшуда асос ёбанд.
— Иштирок дар барнома дар марҳилаи кунунӣ ба шумо чӣ медиҳад?
— Мо барои рушд такони қавӣ гирифтем ва арзиши Solomon-ро барои бахшҳои гуногуни бозор дақиқтар муайян кардем. Чорабиниҳои соҳавӣ ва вохӯриҳои пӯшида хеле муфид мебошанд. Масалан, вохӯриҳои мунтазам дар қолаби IT-Tea бо сармоягузорони амалӣ ва коршиносон имкон медиҳанд, ки фикру мулоҳизаҳои интиқодии ҷиддӣ, вале созанда гирем.
Иштирок дар майдонҳои байнулмилалӣ, аз қабили форуми Digital Bridge, ба роҳ мондани муколамаро бо бахшҳои алоқаманд — бюрои қарзӣ, брокерҳо ва экосистемаҳои бузург осон мегардонад. Табодули таҷриба бо коршиносон имкон медиҳад, ки фарзияҳои марбут ба маҳсулотро дақиқтар арзёбӣ намуда, роҳҳои тавсеаи минбаъдаро муайян кунем.

— Шумо Solomon-ро пас аз се сол чӣ гуна тасаввур мекунед?
— Мо кӯшиш дорем, ки платформаи боэътимод ва муназзамеро эҷод намоем, ки онро ба талаботи ташкилотҳои гуногуни молиявӣ ва низомҳои қонунгузорӣ ба осонӣ мутобиқ кардан мумкин бошад. Барои мо рушди устувор, сифати бенуқсони ҷорӣ намудани система ва эътимоди баланди муштариён аз ваъдаҳои пурсарусадои оммавӣ муҳимтаранд.
Дар дурнамои дарозмуҳлат мо дар нақша дорем, ки имкониятҳои корбурдии маҳсулот ва доираи ҳамгироиҳои шарикиро пайваста густариш дода, ҳамзамон ба амнияти маълумот, манфиати амалӣ ва натиҷаҳои ченшаванда барои фаъолияти тиҷоратии фармоишгарони худ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир созем.